Дар Кобул 30 нафарро куштанд, 51 танро захмӣ карданд
Бар асари ду ҳамлаи интиҳории субҳи душанбеи 30-юми апрел дар шаҳри Кобул, 30 нафар кушта ва 51 тани дигар захмӣ шуд. Таркиши аввал дар минтақае бо номи "Шаш дарак" дар наздикиҳои идораи Раёсати амнияти миллии Афғонистон рух додааст.