СММ: шумори аҳолии Осиёи Марказӣ то соли 2050 аз 94 млн мерасад
Департаменти умури иқтисодӣ ва иҷтимоии Созмони Милали Муттаҳид мегӯяд, ки шумори аҳолии Осиёи Марказӣ то соли 2050 ба 94 миллион нафар мерасад.
Бар поияи ҳисоби Созмони Милали Муттаҳид, то соли 2050 Узбекистон 40,8 миллион, Қазоқистон — 23 миллион, Тоҷикистон — 14,5 миллион, Қирғизистон 8,1 миллион, Туркманистон — 7,8 миллион нафар аҳолӣ хоҳанд дошт.
Ба маълумоти созмон, шумори аҳолии Русия то ба 133 миллион нафар коҳиш хоҳад ёфт. Тибқи пешбиниҳо, аҳолии Русия дар муқоиса бо соли 2015 тақрибан 20 миллион кам шудааст.