Тими занҳои Эрон Ҳиндустонро дар "кабаддӣ" шикаст дод
Тими занҳои варзишгари Эрон рӯзи 24 август дастаи Ҳиндустонро дар сабқати кабаддӣ бо ҳисоби 27 ба 24 шикаст дод ва унвони қаҳрамони кабаддиро соҳиб шуд.
Занҳои варзишгари Эрон дар ҳоле пирӯз шуданд, ки як рӯзи пеш тими мардонаи ин кишвар қаҳрамони ҳафткарати кабаддии Ҳиндустонро дар бозиҳои ниманиҳоӣ шикаст дод.
Акнун тими мардонаи Эрон бегоҳи рӯзи 24 август бо дастаи Кореяи Ҷанубӣ сабқат мекунад.
Кабадӣ як навъи варзиши иборат аз бандкашӣ бо ҳаракатҳои куштӣ аст.
Дар ин навъи бозӣ Ҳиндустон солҳои тӯлонӣ пешсаф буд.