Даҳҳо нафарро дар Язгулом дастгир кардаанд
![Даҳҳо нафарро дар Язгулом дастгир кардаанд](https://gdb.rferl.org/01000000-0aff-0242-3e99-08dc7b2d7627_tv_w800_h450.jpg)
Маъмурони амниятии Тоҷикистон як ҳафта пеш гурӯҳе аз сокинони ҷамоати Язгуломи ноҳияи Ванҷро дастгир кардаанд. Боздошт рӯзи 16-уми май сурат гирифта, ба иттилои дарёфтӣ, онҳо ба “омодагӣ ба харобкорӣ” гумонзад ҳастанд.