Нозирони маҷруҳи зиндони Хуҷандро аз вазифа барканор карданд
Бо гузашти беш аз як моҳ аз ошӯби хунин дар зиндони рақами 3 и шаҳри Хуҷанд то ба ҳол тафтиши ин ҳодиса ниҳоӣ нашудааст. Гузашта аз ин мақомот ба бозпурсии зиндонбонҳое, оғоз намуданд, ки дар ҷараёни исён маҷрӯҳ шуда дар бемористон буданд. Ин нозирони маҳбас аз вазифа озод гардидаанд.