Вазири дифои Чехия терроризму Русияро таҳдиди асосӣ номид
Вазири дифои Чехия терроризм, Русия ва ҳамлаҳои сайберӣ ё кибериро аз таҳдидҳои асосӣ ба паймони низомии НАТО ном бурд. Любомир Метнар дар ин бора охири ҳафтаи гузашта ва дар суҳбат бо оҷонси хабарии СТК-и кишвараш изҳори назар кард.
Метнар ин таҳдидҳоро раддабандӣ карда, дар ҷойи аввал терроризм, дар ҷойи дувум ҳамлаҳои киберӣ ва дар охир Русияро гузоштааст. Аммо гуфтааст, "рақамгузории таҳдидҳо муҳим нст, чунки суръати таҳдид метавонад хеле зуд иваз шавад".
Ба бовари Любомир Метнар, Маскав кӯшиш дорад, дар Аврупо нуфуз пайдо кунад ва ҳамчунин фаъолона ба муҷаҳҳаз намудани артиши худ ва баргузории тамринҳои ҳарбӣ машғул аст.
Ӯ таҳдидии кибериро низ чандон содда нагирифта, дар ин маврид аз ширкатҳои чинии Huawei ва ZTE ёдоварӣ кардааст, ки дар кишварҳои гуногун, аз ҷумла Чехия, дастгоҳҳои мухобиротӣ мефурӯшанд.
Чехия соли 1999 узви паймони низомии НАТО шуд. Вазири дифои Чехия гуфт, амнияти кишвари худро бе НАТО тасаввур карда наметавонад.