Сафари Путин ба Бишкек: созишномаи пойгоҳи низомӣ такмил шуд
Дар ҷараёни боздиди президенти Русия Владимир Путин аз Қирғизистон, ҷонибҳо ба созишнома дар бораи пойгоҳи муштараки низомӣ тағйирот ворид карданд. Дар протоколи тағйирот ба созишнома, ки дар вебсайти маълумоти ҳуқуқии Русия нашр шуд, гуфта мешавад, ки ҳудудҳои муассисаҳои ҷойгир дар пойгоҳ тавсеа ёфта, қоидаҳои истифода аз дастгоҳҳои бидуни сарнишин ҷорӣ мешавад. Инчунин, маблағи иҷораи пойгоҳ аз 4,5 миллион доллар ба 4,79 миллион доллар афзоиш меёбад.
Оҷонсии русии ТАСС менависад, ки ҳудудҳои пойгоҳ то 60 гектар тавсеа меёбад. Дар шарҳи ин тасмим сардори ситоди кулли қувваҳои мусаллаҳи Қирғизистон Райимбердӣ Дуйшенбиев ба хабарнигорон гуфт: “Протоколи мазкур таълими низомиёни Қирғизистон дар заминаи истифодаи дастгоҳҳои ҳавоии бидуни сарнишин ба хотири таъмини муқовиматпазирии Қирғизистон ва пойгоҳи муштараки низомиро дар бар мегирад. Инчунин хати парвоз дар фурудгоҳи шаҳри Кант навсозӣ мешавад, ки аз он муштаракан истифода хоҳад шуд”.
Дуйшенбиев дар бораи тавсеаи қаламрави пойгоҳ чизе нагуфт, вале афзуд, ки ин ҳама навовариҳо омодагии ҷонибҳо ба тақвияти ҳамкориҳои низомию фанниро тасдиқ мекунад.
Бахши Қирғизии Радиои Озодӣ рӯзи 28 март навишт, ки дар қаламрави Қирғизистон чандин муассиса ё объекти марбут ба Русия вуҷуд дорад. Калонтарини он – фурудгоҳ дар Кант аст. Соли 2012 ҳамаи ин муассисаҳо ба як пойгоҳи муштараки низомию ҳавоӣ муттаҳид карда шуданд. Ба ин пойгоҳ фурудгоҳи Кант, пойгоҳи низомию баҳрии Иссиқкӯл, нуқтаи зилзиласанҷӣ дар шаҳри Майлуу-Суу ва нуқтаи мухобиротии Чалдовар дохил мешавад.
Ҳар сари чанд вақт дар Қирғизистон баҳсҳо дар заминаи имкони боз шудани пойгоҳи дуюми низомии Русия садо медиҳад, вале ҳеҷ як мақоми Қирғизистон ё Русия ба таври мустақим вуҷуди чунин барномаҳоро тасдиқ накардааст.