Харангон -- ҷойи нигаҳдори кӯдакони бозгаштаи тоҷик аз Ироқ. ВИДЕО
Осоишгоҳи Харангон дар ноҳияи Варзоб макони зисти даҳҳо кӯдаку навраси тоҷик шудааст, ки шаби 30-юми апрел аз зиндонҳои Ироқ ба Тоҷикистон оварда шуданд.
Модарони бисёре аз онҳо барои узвият дар гуруҳи тундрави "Давлати исломӣ" зиндонӣ гардидаанд.