Мы в Telegram
Добавить новость
103news.com
World News in Tajik
Май
2019

Сафири ИМА дар Киев пеш аз мӯҳлат мақомашро тарк мекунад

0
Сафири ИМА дар Киев пеш аз мӯҳлат мақомашро тарк мекунад

Сафири ИМА дар  Украина моҳи май ва ду моҳ пеш аз анҷоми мӯҳлати расмии кораш мақомашро тарк мекунад. Чор нафари огоҳ аз ин тасмим рӯзи 6 май ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки Мери Йованович дар миёнаҳои моҳи май аз мақом канор меравад. Бар асоси иттилое, ки тавассути имейли ирсолшуда ба Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ нашр шудааст, Йованович қарор аст 20 май аз мақом канор равад. Вале чор мусоҳиби Радиои Озодӣ сабаби тарки мақом кардани сафири Амрикоро фош накарданд. Зоҳиран то таъин шудани сафири нав дар ин мақом кордоре раҳбарии намояндагии дипломатиро ба ӯҳда хоҳад дошт, ки маъмулан ин мақомро афсари аршади амалкунанда ба  ӯҳда мегирад. Чор нафар, аз ҷумла кормандони сафорат ва дигарҳо ба шарти ифшо нашудани номашон сӯҳбат мекарданд, ба он хотир, ки салоҳияти сӯҳбат бо матбуотро надоранд.

Дар изҳороти департаменти давлатии Амрико, ки рӯзи 6 май аз ҷониби сухангӯи ин ниҳод ба Радиои Озодӣ ирсол шуд,  гуфта мешавад, ки Йованович “ҳамонгуна ки ба нақша гирифта шуда буд, рисолати сесолаашро дар Киев соли 2019 ба анҷом расонидааст”. Сухангӯ гуфт, ки “таърихи тасдиқшудаи хатми салоҳиятҳояш дар моҳи май бо мӯҳлати интиқоли қудрат дар Украина мувофиқ омадааст”. Сухангӯ гуфт, ки “тими сафорати ИМА дар Киев ва Вашингтон ҳамкории худро бо ҳукумати Украина  ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ба хотири тақвияти шарикӣ идома меёбад”. Ҷузъиёти бештар аз ин нашр намешавад.

Йованович, ки августи соли 2016 ба вазифаи сафири ИМА дар Киев таъин шуд, дар хатти пеши талошҳо барои ба эътидол овардани иқтисоди заъиф ва суръат бахшидан ба ислоҳот дар самти мубориза бо коррупсия қарор дошт. Йованович инчунин пуштибони ҳукумати Украина дар муқовимати нирӯҳои ҳукуматии ин кишвар бо  ҷангиёни ҷудоиталаб дар шарқи Украина аз соли 2014 буд.

Йованович оғози моҳи марти соли ҷорӣ ва дар остонаи интихоботи президентӣ таваҷҷӯҳро ба худ ҷалб кард. Ӯ аз Киев тақозо кард, ки додситони вижаи зидди коррупсияро аз мақомаш барканор кунад ва ин изҳороти як дипломати ғарбӣ аз назари матубот дур намонд.  

Президент Петро Порошенко, ки барои беамалӣ дар муқобили коррупсия интиқод шудааст, рӯзи 21 апрел дар даври дуюми интихобот дар баробари ҳаҷвнигори маъруф Владимир Зеленский мағлуб шуд.

Йованович инчунин моҳи марти соли ҷорӣ мавриди ҳадафи додситони кулли Украина Юрий Лутсенко қарор гирифт, ки иддао кард, ки гӯё сафири Амрико дар мулоқоти аввали рӯбарӯяш ба ӯ “феҳристи афродеро додааст, ки набояд мавриди пайгард қарор гиранд”.

Ин иддао дар як мусоҳиба бо нашрияи The Hill, мақарраш дар Вашингтон нашр шуд, ки баъдан мавриди вокуниши ғайримаъмулии Департаменти давлатӣ гардид.   Дар изҳороте, ки ин ниҳод нашр кард, гуфта шуд, “иттиҳомоти додситони кулли Украина дуруст нест ва бо ҳадафи ба ҳам задани обрӯи сафир  Йованович карда шудааст”.

Изҳороти Лутсенко дертар ҳам мавриди таваҷҷӯҳи бештар шуд, вақте  писари президенти ИМА Доналд Трамп онро дар саҳифаи худ дар Твиттер бознашр кард.





Губернаторы России
Москва

Собянин: В июне в Москве пройдет цикл мероприятий для собак и их владельцев





Москва

В Подмосковье сотрудники Росгвардии задержали подозреваемого в краже товаров из магазина


Губернаторы России

103news.net – это самые свежие новости из регионов и со всего мира в прямом эфире 24 часа в сутки 7 дней в неделю на всех языках мира без цензуры и предвзятости редактора. Не новости делают нас, а мы – делаем новости. Наши новости опубликованы живыми людьми в формате онлайн. Вы всегда можете добавить свои новости сиюминутно – здесь и прочитать их тут же и – сейчас в России, в Украине и в мире по темам в режиме 24/7 ежесекундно. А теперь ещё - регионы, Крым, Москва и Россия.

Moscow.media
Москва

Собянин: трасса из Солнцева до Варшавского шоссе откроется в 2026 году



103news.comмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "103 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. 103news.com — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

103news.com — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.

Музыкальные новости

Михаил Кутушов

Компания ICDMC приняла участие в торжественном открытии выставки “Тульское качество”




Спорт в России и мире

Алексей Смирнов – актер, которого, надеюсь, еще не забыли

Аделина Панина: какие элементы фэншуй должны быть на кухне, чтобы есть и худеть

Марафон серий «Команды МАТЧ» на телеканале «СуперГерои» ко Дню защиты детей

При поддержке MR Group прошел полумарафон «ЗаБег.РФ»


Новак Джокович

Новак Джокович и Хамад Меджедович сыграли в бочче на Ролан Гаррос | Виды спорта



Новости Крыма на Sevpoisk.ru


Москва

Эксперт Президентской академии в Санкт-Петербурге о развитии сети платных дорог на Дальнем Востоке



Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России