Мы в Telegram
Добавить новость
103news.com
World News in Tajik
Май
2019

Истад Қурбонова бозбинии ҳукми додгоҳро тақозо кард

0
Истад Қурбонова бозбинии ҳукми додгоҳро тақозо кард

Истад Қурбонова, зани 68-солае, ки бо ҳукми додгоҳи шаҳри Хуҷанд дар моҳи апрел  барои ғасби замин шартан ба як соли ҳабс маҳкум шудааст,  бозбинии ин қарорро талаб кард.

Файзулло Насруллоев, вакили дифои ӯ гуфт, шикоятро ҳамин ҳафта ба додгоҳи вилоятӣ супурда бозбинӣ шудани ҳукмро дархост кардаанд. Ӯ рӯзи 7 май дар суҳбат бо Радиои Озодӣ афзуд: “Дар шикоят пуле, ки зерҳимояам барои харидани он қитъаи замин ба ширкати “Сохтмон СТД” додааст, 32 ҳазор сомонӣ, бекор кардани 17,5 ҳазор сомонӣ ҷуброни зарари гӯё ӯ ба корхонаи мазкур расонидааш ва ба ҷои ҳодиса рафта таҳқиқ кардани қазияро талаб кардем.”

Додгоҳи Хуҷанд 24 апрел Қурбоноваро ба "ғасби замин" ва “қасдан нобуд кардани молу мулк”-и ширкати “Сохтмон СТД”-и ноҳияи Айнӣ гунаҳкор донист  ва ҷазои як сол ҳабси шартиву пардохти 17 ҳазору 500 сомонӣ ҷуброни зарар ба ширкати мазкур таъин кард.

Истад Қурбонова мегӯяд, бо қарори додгоҳ розӣ нест ва ба гуфтааш, ба ширкат ҳеҷ осебе нарасонидааст. Қурбонова рӯзи 7 май ба Радиои Озодӣ гуфт, “Фақат як ошхонаи корхонаи хурди корхонаро, ки ба мо гузашт, ду ба ду метр,  қариб 20 ҳазор нарх монданд. Он ошхонаро ба 100 сомонӣ сохтан мумкин. Ман бекор кардани ин ҷубронро талаб дорам.”

 

Ин дар ҳолест, ки ширкати “Сохтмон СТД” ҳанӯз аз даъвояш алайҳи Қурбонова нагузаштааст ва мегӯяд, танҳо баъди ҷуброни моликият домани ӯро раҳо хоҳад кард.  Амон Худоёров, муовини раиси ширкати мазкур дар суҳбат бо Радиои Озодӣ рӯзи 7 май гуфт: “Талаби мо ин ки ҷубронро пардохт кунанд. Ғайр аз ин девореро, ки назди корхонаи мо сохтаанд, кананд. Он вақт аз даъвоямон мегузарем ва қарори судро қабул мекунем.”

Ӯ дар посух ба саволи Радиои Озодӣ, ки ширкаташ дар шахси худи ӯ он қитъаи заминро ба Истад Қурбонова бар ивази 32 ҳазор сомонӣ фурӯхта, вале ҳуҷҷатгузорӣ накардааст, гуфт : “Аз мурдани худ хабар дораму аз ин муомила – не. Ин ҳамааш туҳмату буҳтон дар ҳаққи ман аст. Пештар прокуратураи ноҳия ин даъвии ӯро тафтиш кард, тасдиқ нашуд”.

Баҳси замин миёни Истад Қурбонова ва “Сохтмон-СТД” беш аз як сол боз идома дорад. Додситонии ноҳияи Айнӣ бори аввал Қурбоноваро моҳи октябри соли 2018 бо даъвои масъулони ҳамин корхона ба ҷавобгарӣ кашид. Ин ширкат иддао карда буд, ки Қурбонова дар 6 сотих замини корхона анбору ҳоҷатхона сохтааст.

Сипас, рӯзи 2-юми январи имсол ин зани 68-соларо ба далели ҳозир нашудан барои бозпурсӣ дастгир ва ба боздоштгоҳ бурданд. Қазияи Истад Қурбонова баъди он сари забонҳо шуд, ки ӯ рӯзи 11-уми январ аз боздоштгоҳи пулиси Айнӣ бо бадани сӯхта ба бемористон бурда шуд.

Мақомоти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон баъди ин ҳодиса се маъмури пулиси ноҳияи Айниро аз кор озод карданд. Истад Қурбонова мегӯяд, боздошташ ва ба қавли ӯ бадрафтории маъмурони милисаро ба боди фаромӯшӣ супурданӣ нест ва барои ба ҷавобгарӣ кашидани онҳо талош хоҳад кард.

Эътилофи зидди шиканҷа дар Тоҷикистон ҳам аз Додситонии кул хостааст, он маъмурони милисаро, ки Истад Қурбонова дар ҳузури онҳо қасди худсӯзӣ карда буд, ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашад. Фаъолони ҳуқуқ мегӯянд, ходимони милисаи ноҳияи Айнии вилояти Суғд "ҷони ин сокини 68-соларо дар хатар гузоштанд".





Губернаторы России
Москва

Собянин: В июне в Москве пройдет цикл мероприятий для собак и их владельцев





Москва

Компания ICDMC приняла участие в торжественном открытии выставки “Тульское качество”


Губернаторы России

103news.net – это самые свежие новости из регионов и со всего мира в прямом эфире 24 часа в сутки 7 дней в неделю на всех языках мира без цензуры и предвзятости редактора. Не новости делают нас, а мы – делаем новости. Наши новости опубликованы живыми людьми в формате онлайн. Вы всегда можете добавить свои новости сиюминутно – здесь и прочитать их тут же и – сейчас в России, в Украине и в мире по темам в режиме 24/7 ежесекундно. А теперь ещё - регионы, Крым, Москва и Россия.

Moscow.media
Москва

Собянин: Трасса Солнцево — Бутово — Варшавское шоссе будет готова в 2026 году



103news.comмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "103 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. 103news.com — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

103news.com — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.

Музыкальные новости

Юрий Лоза

Юрий Лоза дал рекомендации фигуристке Камиле Валиево




Спорт в России и мире

Алексей Смирнов – актер, которого, надеюсь, еще не забыли

Аделина Панина: какие элементы фэншуй должны быть на кухне, чтобы есть и худеть

Бойцовская лига «Наше Дело» представит спортивную зону на Дне России

При поддержке MR Group прошел полумарафон «ЗаБег.РФ»


Ролан Гаррос

"Ролан Гаррос" стартовал в Париже



Новости Крыма на Sevpoisk.ru


Минск

Союзное государство – сила двух суверенных стран



Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России