Иморот: "Чаҳор киштии тиҷоратӣ ҳадафи амалиёти харобкорона қарор гирифтанд"
Имороти Муттаҳидаи Арабӣ рӯзи якшанбеи 12-уми май ҳадаф қарор гирифтани чаҳори киштии тиҷоратӣ дар наздикии Бандари Фуҷайраро таъйид кард ва гуфт, ки ин "амалиёти харобкоронаи хатарнок" талафоте дар пай надоштааст. Ин бандар дар наздикии гулӯгоҳи Ҳурмуз қарор дорад.