Қиёмиддини Ғозӣ ва "Шайх Темур" дар миёни 32 кушташудаи ошӯби зиндони "Кирпичний"
Мақомоти тоҷик мегӯянд, ки дар ҳодисаи "бетартибӣ" дар маҳбаси "Кирпичний", воқеъ дар шаҳри Ваҳдат, 29 маҳбус кушта шудааст. Ҳамчунин дар ин ҳодиса се корманди маҳбас ҷони худро аз даст додаанд. Ҳодиса соати нуҳуними шаби 19-уми май иттифоқ афтод.