Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо раҳбарони хадамоти амниятии кишварҳои ИДМ
Раиси ҷумҳури Тоҷикистон бо раҳбарони ҳайатҳои нишасти Шӯрои раҳбарони мақомоти амниятии кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мулоқот намуд. Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон мегӯяд, ки Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 21-уми май дар маросими ифтитоҳи ҷаласаи 46-уми Шӯрои раҳбарони мақомотҳои амниятӣ ва хадамоти махсуси кишарҳои аъзои ИДМ суханронӣ кардааст.
Ба иттилои манбаъ, раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар ин ҳамоиш аз вазъ дар Афғонистон нигаронӣ карда ва гуфтааст, ки "имрӯз терроризми байналмилалӣ ба як ҷузъи бозиҳои геополитикӣ табдил ёфта, торафт доираи бештари қаламрави давлатҳои гуногунро фаро мегирад".
Оқои Раҳмон ҳамзамон таъкид кардааст, ки бархе кишварҳо дар муносибат бо гурӯҳҳои экстремистӣ аз сиёсати "меъёрҳои дугона" истифода мекунанд. Эмомалӣ Раҳмон чанд рӯз пеш низ ин суханронро дар як нишасти дигари байналмилалӣ дар Душанбе баён карда буд.
Тоҷикистон марзи ҷанубии кишварҳои Иттиҳи Давлатҳои мустақил ба шумор меравад. Мақомоти Тоҷикистон ва Русия дар гузашта борҳо аз таҷаммӯи гурӯҳҳои тундгаро дар шимоли Афғонистон ҳаммарз бо Афғонистон нигаронӣ карда буданд. Авоили соли ҷорӣ мақомоти марзбонии Тоҷикистон шумораи ҷангиёнеро, ки дар вилоятҳои ҳаммарз ҷамъ омадаанд, 6 ҳазор гуфта буданд.