Рӯзгори муҳоҷирони дохилӣ дар Шаҳритус
Аз даҳҳо хонаводае, ки нӯҳ сол пеш аз минтақаи Кӯлобу Рашт ва вилояти Бадахшон ба деҳаи Ватани ноҳияи Шаҳритус муҳоҷир шуданд, танҳо чаҳор оила мондааст. Аксарият зиндагии бидуни шароит дар ин минтақаро таҳаммул накарда, дубора ба зодгоҳҳои худ баргаштанд. Боқимондаҳо то ба ҳол умед доранд, ки мақомот ба ваъдаашон вафо мекунанд. Мақомот вазъиятро шарҳ намедиҳанд.