Қочоқчиёни инсон кӯдакони афғонро шикор мекунанд
Ҳар сол даҳҳо кӯдаку навраси афғон ба ғуломӣ ва ё сарнавишти аз он ҳам бадтар фурӯхта мешаванд. Одатан, ин кӯдакону наврасон аз оилаҳои камбизоат мебошанд, ки фирефтаи ваъдаҳои қочоқчиён шудаанд. Онҳоро Толибон ҳам барои истифода дар бомбгузориҳои интиҳорӣ истифода мебаранд.