Рӯзи адвокатҳои тоҷик. Рӯзи "сахт" ва ба гуфтаи ҳомиёни ҳуқуқ "пурхатар"
Рӯзи 26-уми май дар Тоҷикистон расман Рӯзи адвокат ё вакили мудофеъ эълон шудааст. Аммо Тоҷикистон дар ҳоле аз ин рӯз таҷлил мекунад, ки ҳуқуқдонҳо мегӯянд, худи вакилони дифоъ ба ҳимоят аз ҳуқуқашон эҳтиёҷ доранд ва ба унвони тарафи комилҳуқуқ дар баробари додситон эътироф нашудаанд.