Ҷасади ҷавоне, ки эҳтимол худкушӣ кардааст ва онро дар ҳудуди ноҳияи Данғара пайдо карданд, ҳанӯз шиносоӣ нашудааст.
Мақомоти Вазорати корҳои дохилӣ гуфтанд, ки ин ҷавон 25-30-сола буда, қадаш 170-175 сантиметр аст. Ҳамчунин, ба ииттилои онҳо, ин ҷавон "сабзинарӯй ва мӯи сараш сиёҳ буда, дар танаш либоси зимистонаи сиёҳ дорад".
"Ангушти хурди дасти чапаш то нохун нест", - гуфтанд дар Вазорати корҳои дохилӣ.
Мақомот мегӯянд, эҳтимол ин ҷавон даст ба худкушӣ задааст, чун дар ҳеҷ ҷойи баданаш осори зӯроварӣ дида намешавад. Читать дальше...