Қурби 1 доллар дар Тоҷикистон аз марзи 9 сомонӣ гузашт
Қурби расмии доллар дар Тоҷикистон аз марзи 9 сомонӣ убур кард. Субҳи 31-уми май Бонки миллии Тоҷикистон хабар дод, ки қурби расмии 100 доллар ба 901 сомонӣ баробар аст. Қурби расмии доллар, ки Бонки миллӣ муқаррар кардааст барои ҳисобгирӣ ва пардохтҳои гумрукӣ мебошад. Қурби доллар дар бонкҳои тиҷоратӣ аз ин ҳам зиёдтар аст. Рӯзи 31-уми май дар бонкҳои Тоҷикистон 100 доллар ба 902 сомонӣ харид ва ба 903 сомонӣ фурӯхта мешавад. Дар ҳамин ҳол гуфта мешавад, ки дар бозори ғайрирасмӣ сад доллари амрикоӣ ба 920 - 923 сомонӣ табодул мешавад. Читать дальше...