Нахуствазири пешини Малайзия ба иттиҳоми фасоди молӣ боздошт шуд
Мақомоти Малайзия эълом карданд, ки Наҷиб Раззоқ, нахуствазири собиқи ин кишвар аз сӯи Идораи мубориза бо фасоди молӣ боздошт шуда ва ба иттиҳоми ширкат дар тороҷ кардани миллионҳо доллар аз Сандуқи рушди кишвар алайҳи ӯ парванда боз шудааст. Наҷиб Раззоқ муттаҳам аст, ки ба ҳудуди 700 миллион доллар пули ҳукумат дастдарозӣ кардааст.