Тағйироти кадрӣ дар ҳукумат, додгоҳ ва РКД-и Бадахшон
Дар пайи интиқоди президент Эмомалӣ Раҳмон дар ҳукумати вилояти Бадахшон, додгоҳ ва раёсати корҳои дохилии ин вилоят тағйироти кадрӣ сурат гирифт.
Дар пайи интиқоди президент Эмомалӣ Раҳмон дар ҳукумати вилояти Бадахшон, додгоҳ ва раёсати корҳои дохилии ин вилоят тағйироти кадрӣ сурат гирифт.
Ду рӯз баъди сарзанишу интиқоди президент Эмомалӣ Раҳмон аз вазъи тартиботи ҷамъиятӣ дар Бадахшони Кӯҳӣ, муовини сардори КДАМ ба вазифаи муовини якуми раиси вилоят таъин шуд.
Рӯзи 18 сентябр дар Душанбе ҷаласаи Шӯрои вазирони адлияи давлатҳои узви ҷомеаи Муштарак-ул-Манофеъ (ИДМ) баргузор мешавад. Ин ҷаласа дар Кохи «Малика»-и ноҳияи Варзоб баргузор мешавад. Оҷонсии «Ховар» бо такя ба масъули Вазорати адлияи Тоҷикистон Бахтиёр Қобилов мегӯяд, дар ҷаласаи Шӯрои вазирони адлия масъалаҳои табодули таҷрибаи истифодаи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ ва танзими қонунгузорӣ дар заминаи назорати ҷамъиятӣ аз мақомоти иҷрои ҷазо дар баррасӣ мешавад. Ҳафтаи... Читать дальше...
Дастаи мунтахаби занонаи Тоҷикистон (U-16) дар бозии дувумаш дар марҳалаи аввали интихобии қаҳрамонии футболи Осиё-2019 миёни духтарони зери 16-сола дар гуруҳи «С» бар тими Ҷазираҳои Мариани Шимолӣ (U-16) бо ҳисоби 3:0 пирӯз шуд.
Додгоҳи шаҳрии Бишкек рӯзи 17 сентябр ҳукм кард, ки ҳабси пешакии шаҳрдори пешини пойтахти Қирғизистон Албек Ибраимовро то 28 октябр бетағйир гузошт. Вакили дифои Ибраимов -- Сергей Слесарев гуфт, аз болои ҳукм ба Додгоҳи олии Қирғизистон шикоят мебаранд. Ибраимов 27 августи соли равон бо қарори додгоҳи ноҳияи Якуми майи Бишкек то 28 октябр ба ҳабси пешакӣ гирифта шудааст. Ҷонибдорони шаҳрдори пешин дар назди бинои додгоҳ тазоҳурот карданд. Ба ҳисоби хабарнигори Бахши қирғизии Радиои Озодӣ, дар тазоҳурот ҳудуди 50-60 одам иштирок карда... Читать дальше...
Президентҳои Русия ва Туркия -- Владимир Путин ва Раҷаб Эрдуғон шоми 17 сентябр бо нашри як изҳороти муштарак гуфтанд, ки дар робита ба ташкили як минтақаи ғайринизомии 20-километрӣ дар вилояти Идлиби Сурия ба созиш расиданд. Ин изҳорот дар поёни мулоқоти президентон дар Сочии Русия нашр шуд. Дар изҳорот омадааст, ки минтақаи ғайринизомӣ бояд то 15 октябр ташкил шуда, тамоми нирӯҳои мусаллаҳ шаҳрро тарк кунанд. Ҳамчунин ҳамаи техникаҳои вазнини низомӣ низ то 10 октябр аз шаҳр берун бурда шаванд. Читать дальше...
Додгоҳи Урали Қазоқистон 17 сентябр баррасии парвандаи рӯзноманигори украинӣ Александр Гороховскийро ба поён расонд, ки ба нақзи қонунҳои муҳоҷирати ин кишвар айбдор мешуд. Додситон хост рӯзноманигорро аз Қазоқистон ихроҷ кунанд. Дар натиҷа рӯзноманигор дар нақзи қонунҳои муҳоҷирати Қазоқистон, аз ҷумла машғул шудан ба коре, ки дар раводид қайд нашудааст, айбдор эълом ва 42 ҳазору 87 танга (113 доллар) ҷарима шуд. Дар мурофиа нахуст Гороховский, рӯзноманигори нашрияи "Ҳафтаи Урал" Лукпан Ахмедяров ва Талгат Катауов суханронӣ карданд. Читать дальше...
Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).
103news.com — живые новости в прямом эфире!
В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.
Музыкальные новости