Суперҷоми Тоҷикистон-2019 аз кӣ мешавад -"Истиқлол" ё "Хуҷанд"?
Имрӯз, 29-уми март, дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе бозӣ барои Суперҷом ё Ҷоми олии футболи Тоҷикистон-2019 баргузор мешавад. Бозӣ соати 19:00 оғоз меёбад. Дар бозӣ барои Ҷоми олӣ, ки имсол барои бори даҳум доир мегардад, дастаи «Истиқлол»-и Душанбе, қаҳрамон ва барандаи Ҷоми Тоҷикистон-2018 ва тими «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд, ҷоизадори нуқраи мусобиқоти қаҳрамонии кишвар, мубориза мебаранд. Суперҷоми Тоҷикистон сар аз соли 2010 барои бори даҳум барпо мегардад. Аввалин бозӣ барои Ҷоми олӣ соли 2010 дар шаҳри Турсунзода доир шуда буд. Читать дальше...