Додгоҳ раиси пешини "Казатомпром"-ро пеш аз муҳлат аз ҳабс озод накард
Додгоҳи шаҳри Семейи Қазоқистон рӯзи 24-уми июл дархости раиси пешини ширкати "Казатомпром" Мухтор Ҷакишевро дар бораи пеш аз муҳлат аз зиндон озод шуданро рад кард. Ҷакишев аз соли 2009 ба ин тараф дар зиндон аст. Ҷакишев тариқи дурбин дар баррасии парвандааш суханронӣ кард. Вай баррасии додгоҳиро ноодилона номид ва афзуд, таҷрибааш нишон дод, ки дар додгоҳҳо "ҳақиқат маҷуд нест". Нурлан Бейсекеев, вакили мудофеи Ҷакишев дар додгоҳ гуфт, вазъи сиҳатии нафари таҳти ҳимояташ дар зиндон нохуб шудааст. Читать дальше...