Баранда ё сухангӯи Шабакаи аввали телевизиони Русия рӯзи 9-уми май ҳангоми муаррифии Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, дар Майдони Сурх саҳван ӯро "Эмманэул Раҳмон" ном бурд, вале дафъатан хатои худро ислоҳ кард.
Кормандони Вазорати адлияи Амрико дар давраи президент Доналд Трамп суҳбатҳои телефонии рӯзноманигорони нашрияи Washington Post-ро пинҳонӣ гӯш кардаанд.
Идораи фазонавардии Чин тасдиқ кард, ки як бахши бузурги мушак (ракета)-и ин кишвар дар Баҳри Араб афтода, вале ҳеч зиёне наовардааст.
Шаби 8 ба 9-уми май ба сабаби таниш дар назди Масҷид-ул-Ақсо, макони севуми муқаддас барои мусулмонон, миёни нерӯҳои амниятии Исроил ва фаластиниён даргирии нав рӯй дод.
Русия рӯзи 9-уми май бо баргузории паради бахшида ба пирӯзӣ дар Ҷанги Дувуми Ҷаҳон қудрати ҳарбии худро намоиш дод.
Аз марги Каромат Шарифов, раҳбари пешини "Ҷунбиши муҳоҷирони тоҷик" дар Русия, як сол гузашт. Гуруҳе аз муҳоҷирон ӯро пуштибони воқеии шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия медонистанд, вале зоҳиран мақомоти Маскаву Душанбе аз амалкардҳои мустақилонаи ӯ хушнуд набуданд.
Александр Лукашенко, раҳбари худкомаи Беларус, фармонеро имзо кард, ки дар сурати кушта шудан ва ё иҷро карда натавонистани вазифаҳояш, ваколатҳои президент ба уҳдаи Шӯрои амнияти ин кишвар мегузарад.
Дар тӯли панҷ соли мавҷудияти мақоми омбудсмени кӯдак, ба гуфтаи коршиносон, дар ин соҳа ҳеч беҳбуди қобили мулоҳизае ба назар нарасидааст. Баъзеҳо камкории ин мансабдорро танқид мекунанд, бархеи дигар далели онро дар набуди мустақилияти ин ниҳод мебинанд.
Вазорати корҳои дохилии Афғонистон рӯзи 9-уми май эълон кард, ки бар асари бомбгузории рӯзе пеш дар як мактаби духтарона дар минтақаи Дашти Барчии шаҳри Кобул камаш 50 кас кушта ва беш аз 100 нафар захмӣ шудаанд. Аксари қурбониён духтарони аз 11 то 15-сола ҳастанд.
"Чатри норинҷӣ" ташаббуси гуруҳе аз фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Фейсбук аст, ки ҳадафаш "ҷалби таваҷҷуҳи волидон барои тарбияи дурусти ҷинсиву бехатарии кӯдакон" гуфта мешавад.
Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).
103news.com — живые новости в прямом эфире!
В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.
Музыкальные новости