Таниш миёни Боку ва Теҳрон дар остонаи баргузории размоиши низомӣ дар ғарби Эрон
Танишҳо миёни Теҳрон ва Боку дар остонаи баргузории размоиши низомӣ дар шимол-ғарби Эрон боло гирифтааст. Мақомоти Эрон изҳороти ахири раиси ҷумҳури Озарбойҷонро "ғайривоқеӣ" ва "таҳрикомез" хонданд ва ӯро муттаҳам карданд, ки "таҳти таъсири Исроил" қарор гирифтааст. Изҳороти фармондеҳи нерӯҳои заминии Сипоҳи посдорони Эрон як руз пеш аз он нашр шуд, ки қарор аст имруз размоише бо номи "Фотеҳони Хайбар" аз сӯи артиши Эрон дар минтақаи шимол-ғарби ин кишвар дар марз бо Озарбойҷон баргузор шавад. Читать дальше...