Ҷавони тоҷик барои ташвиқи ду ноболиғ ба "ҷиҳод" зиндонӣ шуд
Додгоҳи шаҳри Душанбе як ҷавони 28-соларо бо гуноҳи мағзшӯии ноболиғон ва ташвиқ кардани онҳо барои “ҷиҳод” ба солҳои тӯлонии зиндон маҳкум кард. Муҳокимаи Суҳроб Ҳасанов, сокини ноҳияи Шамсиддини Шоҳин, (Шӯроободи пешин) рӯзи 27-уми май дар шаҳри Душанбе сурат гирифт.