Мы в Telegram
Добавить новость
103news.com
World News in Tajik
Январь
2022

Новости за 26.01.2022

Номи 6 шаҳрванди фавтидаи Тоҷикистон дар Русия маълум шуд. "Як нафари дигар бистарист"

Ozodi.org 

Ҳувияти шаш муҳоҷири тоҷик, ки бар асари заҳролудшавӣ дар Волгогради Русия ҷони худро аз даст додаанд, маълум шуд. Онҳо зодагони ноҳияи Ҷайҳун (Қумсангир) ва Бохтари вилояти Хатлон ва аз 20 то 37-сола будаанд.

Бародарзодаи Саид Абдуллоҳи Нуриро дастгир кардаанд. Наздиконаш нигаронанд, мақомот шарҳ намедиҳанд

Ozodi.org 

Пайвандонаш гуфтанд, Нусратулло Саидов – бародарзодаи Саид Абдуллоҳи Нурӣ, раҳбари пешини ҲНИТ ва Иттиҳоди нерӯҳои мухолифин – бо гумони "дарёфти ёрӣ аз хориҷа" дастгир шудааст. Мақомот қазияро шарҳ намедиҳанд. Саидов чаҳор сол пеш ба муддати кӯтоҳе боздошт ва сипас раҳо шуда буд.

Дар Тоҷикистон Омикрон ҳаст, ё не?

Ozodi.org 

Мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, ки рӯзи 25-уми январ 18 мавриди нави сирояти бемории COVID-19-ро сабт карданд, аммо нагуфтанд, ки ин навъи Омикрон аст ё дигар. Искандари Фирӯз дар ин бора бо Ноҳида Ҳамроалиева, мудири бахши ёрии таъҷилии Бемористони Ибни Сино дар Душанбе суҳбат кард.



Таҳқиқи парвандаи мурғкабоби олуда дар Хуҷандро хотима доданд

Ozodi.org 

Ду соҳибкор ва чанд корманди идораҳои беҳдоштӣ ва андози шаҳри Хуҷанд бо парвандаи мавсум ба “мурғкабоб” ҷазо хоҳанд дид. Аз он кабоб наздики 50 шаҳрванд заҳролуд шуда, дар бемористон бистарӣ гаштанд. Додситонии Хуҷанд парвандаро ба додгоҳ фиристодааст.

Хонаеро, ки дар онҷо китобҳои зиёде навишта шудаанд, вайрон мекунанд. ВИДЕО

Ozodi.org 

Хонаи чеҳраҳои саршиноси адаб ва ҳунар дар маркази Душанбе вайрон карда мешавад. Дар ин бора ва дар посух ба шикояти онҳо шаҳрдории Душанбе гуфтааст, ин қарор ниҳоист ва иҷрои он шуруъ шудааст.

Ба адибони тоҷик гуфтаанд, хонаашон вайрон мешавад

Ozodi.org 

Вайрон кардани хонаи чеҳраҳои саршиноси адаб ва ҳунар дар маркази Душанбе оғоз меёбад. Бо вуҷуди шикояти сокинон ба раҳбарони Тоҷикистон, шаҳрдории Душанбе тасмим гирифт, бинои адибон вайрон карда шавад.

Вазири кишоварзӣ ва раисони чанд шаҳру ноҳияи Тоҷикистон нав шуданд

Ozodi.org 

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон рӯзи 26-уми январ шуморе аз мансабдоронро аз мақомҳояшон барканор ва афроди дигарро ҷойгузини онҳо кард. Ин тағйироти кадрӣ дар сатҳи вазоратҳо ва шаҳру ноҳияҳо сурат гирифтааст. Тибқи иттилои дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон, Сулаймон Зиёзода, ки дар мақоми Вазири кишоварзӣ кор мекард, бо фармони Эмомалӣ Раҳмон муовини сарвазири Тоҷикистон таъйин шудааст. Ӯ дар ин мақом ҷойгузини Давлатшоҳ Гулмуҳаммадзода шуд, ки ҳоло Сафорати Тоҷикистонро дар Русия раҳбарӣ мекунад. Читать дальше...



Роҳбари Чин ваъда дод, ба Осиёи Марказӣ $500 млн ҷудо мекунад

Ozodi.org 

Раиси ҷумҳури Чин Си Ҷинпин ваъда дод, ки дар се соли оянда дар ҳаҷми 500 миллион доллар барои рушди иқтисод ва амнияти Тоҷикистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Узбекистон ва Туркманистон ҷудо хоҳад кард. Дар саммити онлайнии "Осиёи Марказӣ - Чин", ки рӯзи 25 январ бахшида ба 30-солагии робитаҳои дипломатии Пекин бо панҷ кишвари Осиёи Марказӣ баргузор шуд, Си Ҷинпин гуфт, маблағҳои ҷудошуда ба "тарҳҳое равона хоҳанд шуд, ки ба таъмини аҳолӣ бо васоили муҳим барои зиндагӣ рабт доранд". Роҳбари Чин ҳамчунин ваъда дод... Читать дальше...

Гуфта буданд, ки "дар қудрат намемонам", "диктатура намесозам" ва "зидди пешвопарастиям". Ҳоло чӣ? ВИДЕО

Ozodi.org 

“Ба ҳеч ваҷҳ шоҳигарӣ ё монархия нахоҳад буд.”  Замоне Владимир Путин, Нурсултон Назарбоев, Александр Лукашенко, Ислом Каримов ва Эмомалӣ Раҳмон ваъда дода буданд, ки дарозмуддат дар қудрат намемонанд ва кишвари озоду демократӣ месозанд.

Аз Путин то Раҳмон. Ваъдаҳое, ки иҷро нашуданд

Ozodi.org 

Замоне Владимир Путин, Нурсултон Назарбоев, Александр Лукашенко, Ислом Каримов ва Эмомалӣ Раҳмон ваъда дода буданд, ки дарозмуддат дар қудрат намемонанд ва кишвари озоду демократӣ месозанд. Ба ҷуз аз Назарбоев, ҳоло ҳама ё дар сари қудрат ҳастанд ва ё замони ҳукмронӣ фавтидаанд. Аммо ҳама низоми худкома сохтанд. Навор ба забони русӣ

Пойгоҳи 201-и Русия таҷҳизоти нав дарёфт мекунад

Ozodi.org 

Пойгоҳи низомии 201-уми Русия мустақар дар Тоҷикистон ба зудӣ беш аз 70 техникаи нави низомӣ дарёфт хоҳад кард. Дар ин бора ҳафтаи ҷорӣ Александр Лапин, фармондеҳи Ҳавзаи марказии ҳарбӣ хабар дод. Ба гуфтаи ӯ, чунин кӯмакҳои низомӣ ба пойгоҳи Русия дар Қирғизистон низ расонида мешавад. Аммо дар бораи ҷузъиёти дигари интиқоли таҷҳизоти изофӣ ба ҳарду кишвар ҳанӯз гузориш нашудааст. Дар пасманзари сари қудрат омадани "Толибон" дар Афғонистон дар моҳи августи соли 2021, низомиёни Русия дар Тоҷикистон... Читать дальше...

Иштироки ду паҳлавони шинохтаи тоҷик дар Grand Prix Portugal 2022

Ozodi.org 

Паҳлавонони маъруфи тоҷик – Комроншоҳ Устопириён ва Сомон Маҳмадбеков – дар мусобиқаи байналмилалии ҷудо Grand Prix Portugal 2022, ки рӯзҳои 28-30-юми январ дар шаҳри Алмадаи Португалия баргузор мешавад, ширкат меварзанд. Ба иттилои сомонаи расмии Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF), дар Гран-Прии Португалия ширкати 334 варзишгар (194 мард ва 140 зан) аз 44 кишвари панҷ қитъаи олам дар назар аст. Тоҷикистонро дар ин мусобиқаи байналмилалӣ ду варзишгар -  Сомон Маҳмадбеков (дар вазни -73 кг)... Читать дальше...

Мунтахаби Тоҷикистон дар қаҳрамонии футзали СAFA-2022 бори дувум аз Узбекистон мағлуб шуд

Ozodi.org 

Дастаи мунтахаби занонаи Тоҷикистон дар даври чаҳоруми қаҳрамонии футзали CAFA (Созмони футболи Осиёи Марказӣ)-2022, ки 25-уми январ дар Душанбе баргузор шуд, бозиро ба мунтахаби Узбекистон бо ҳисоби 0:5 бохт. Ин бохти дувуми мизбонон дар ин мусобиқа аз дастаи Узбекистон аст. Ёдовар мешавем, дар ин мусобиқа, ки таҳти сарпарастии Созмони футболи Осиёи Марказӣ дар Маҷмааи универсалии варзишии Душанбе то рӯзи 28-уми январ идома хоҳад кард, чаҳор дастаи мунтахаби занона аз Тоҷикистон, Эрон, Узбекистон ва Қирғизистон ширкат доранд. Читать дальше...

Як сокини Фархор ба иттиҳоми қатли хушдоманаш ба 17 сол зиндон маҳкум шуд

Ozodi.org 

Як сокини ноҳияи Фархор ба иттиҳоми қатли хушдоманаш ба 17 сол зиндон маҳкум шудааст. Ҳодиса аз сӯи додситонии Фархор таҳқиқ шуда, ҳукмро додгоҳи вилояти Хатлон эълон кардааст. Умеда Шарифова, сокини деҳаи Муҳоҷирободи ҷамоати деҳоти Дарқади Фархор бо моддаи 104-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон, яъне "одамкушӣ" муттаҳам мешавад. Дафтари матбуоти Додситонии кулли Тоҷикистон рӯзи 26-уми январ дар шарҳи ҳодиса гуфт, ки Умеда Шарифова рӯзи 9-уми август бо "баҳонаи ночиз" бо хушдоманаш Файзигул Олимов вориди муноқиша шуда... Читать дальше...

Байден гуфт, агар Путин ба Украина ҳамла кунад, таҳрим мешавад

Ozodi.org 

Бо оғози размоиши нерӯҳои Русия дар ҳамсоягии Украина, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ҳушдор дод, ки дар сурати ҳамлаи Русия ба Украина, таҳримҳои камаршиканеро алайҳи Маскав ва шахси Владимир Путин, ҷорӣ хоҳад кард.

Узбекистон санҷиши дубораи коронавирус дар марзро бекор кард

Ozodi.org 

Вазорати тандурустии Узбекистон мегӯяд, аз 25-уми январ мусофирон дигар вазифадор нестанд, ки ҳангоми воридшавӣ ба ин кишвар дар фурудгоҳ, истгоҳи роҳи оҳан ва гузаргоҳҳои марзӣ дубора санҷиши коронавирус ё экспресс-тест супоранд. Комиссияи махсуси мубориза бо коронавирус дар Узбекистон дар пайи афзоиши шумори мубталоёни вирус дастур дода буд, ки аз 15-уми январ ҳамаи мусофирон ҳангоми воридшавӣ дубора аз санҷиш гузаранд. Ин қарор мусофиронеро ҳам, ки дар даст натиҷаи манфии санҷиши коронавирусро доштанд... Читать дальше...

Талаботи нав ба туркманистониҳое, ки қасди зиндагӣ дар Русияро доранд

Ozodi.org 

Мақомоти Туркманистон сокинонеро, ки барои иқомати доимӣ ба Русия сафар мекунанд, маҷбур менамоянд, то аз шаҳрвандии кишвари худ даст кашанд. "Мақомот аз сокиноне, ки барои иқомати доимӣ ба Русия мераванд, талаб мекунанд, то аз шаҳрвандии Туркманистон даст кашанд. Сабаби ин талаботи шифоҳии мақомот шарҳ дода намешавад. Бисёриҳо барои берун рафтан аз кишвар маҷбур ҳастанд, ки талаби мақомотро иҷро намоянд", - изҳор дошт як сокини Ишқобод ба шарти ифшо нашудани номаш ба хабарнигори бахши туркмании Радиои Озодӣ рӯзи 24-уми январ. Читать дальше...

Як сержанти нерӯҳои марзбонӣ дар марги Миралӣ Боқиев гумонбар шудааст

Ozodi.org 

Боқиев моҳи майи соли гузашта ба артиш рафта, шаби 17-уми январи имсол дар дидбонгоҳе дар ноҳияи Фархор латукӯб шудааст. Ҷасади ӯро 19-уми январ дар зодгоҳаш, шаҳри Панҷакент, дафн карданд.



Москва

Пельмени "Амур" разные заведения смогут готовить только после получения права


Губернаторы России

103news.net – это самые свежие новости из регионов и со всего мира в прямом эфире 24 часа в сутки 7 дней в неделю на всех языках мира без цензуры и предвзятости редактора. Не новости делают нас, а мы – делаем новости. Наши новости опубликованы живыми людьми в формате онлайн. Вы всегда можете добавить свои новости сиюминутно – здесь и прочитать их тут же и – сейчас в России, в Украине и в мире по темам в режиме 24/7 ежесекундно. А теперь ещё - регионы, Крым, Москва и Россия.

Moscow.media
Москва

Сергей Собянин рассказал, как офсетные контракты развивают фармотрасль Москвы



103news.comмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "103 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. 103news.com — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

103news.com — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.

Музыкальные новости

Жанна Агузарова

Жанна Агузарова начала петь в подземных переходах




Спорт в России и мире

Алексей Смирнов – актер, которого, надеюсь, еще не забыли

В 6-м туре женского «командника» в Сочи шахматная сборная Москвы разгромила краснодарок, а «Сима-ленд» справилась с Татарстаном

Боевые приобретения. Настоящий праздник мужественности прошел в Москве

Турнир по пляжному волейболу «ЮМР ОПЕН» прошел в Краснодаре


ATP

Андрей Рублев поднялся на шестое место в рейтинге ATP



Новости Крыма на Sevpoisk.ru


Владимир Путин

Главы регионов ПФО присутствовали на инаугурации президента РФ Владимира Путина



Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России