Бурҷи мавҷафкани телевизиони Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе тахриб мешавад. Нуриддин Саид, раиси Кумитаи радио ва телевизиони Тоҷикистон рӯзи 8-уми феврал зимни нишасти хабарӣ гуфт, пешниҳод шудааст, ки ин бурҷи мавҷафкани телевизион дар маҳаллаи "Ховарон"-и пойтахт бунёд шавад. "Ҳоло талош дорем барои бунёди он дар болои "Боғи Ғалаба" иҷозат бигирем",-гуфт ӯ.
Ба гуфтаи Нуриддин Саид, ҳамзамон дар маҳалли идораи "Шабакаи Тоҷикистон" барои ҳама шабакаҳои телевизионии кишвар идораҳо бунёд мешаванд. Читать дальше...