Ду варзишгари тоҷик дар Ҷоми ҷаҳонии қайиқронӣ дар Олмон иштирок менамояд
Шаҳриёр Даминов ва Умар Рустамов, варзишгарони тоҷик, дар давраи дуюми Ҷоми ҷаҳонии қайиқронӣ дар байдарка ва каноэ (ICF Kanoe Sprint World Cup 2019), ки аз 31-уми май то 2-юми июн дар шаҳри Дуйсбурги Олмон баргузор мешавад, ширкат меварзанд.