"Аз соли 2018 дар ҷустуҷӯ буд." Вокуниши ВКД ба боздошти ҷавони тоҷик дар Италия
Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ба хабари боздошти як шаҳрванди кишвар дар Италия вокуниш кард. Дафтари матбуоти ВКД бегоҳи 9-уми апрел бо пахши иттилоияе гуфт, Илҳом Сайраҳмонзода бо дархости Тоҷикистон дар шаҳри Рум дастгир шудааст.