Шумори беморони COVID-19 дар Тоҷикистон ба 7451 расид, омори талафот бетағйир аст
Вазорати тандурустии Тоҷикистон мегӯяд, дар як ҳафтаи ахир фавти беморони коронавируси навро сабт накардааст. Ба иттилои расмӣ аз замони эътирофи расмии пандемия дар Тоҷикистон 60 кас аз COVID-19 даргузаштаанд.