Мы в Telegram
Добавить новость
103news.com
World News in Tajik
Июль
2020

Новости за 31.07.2020

Муҳоҷирони тоҷик дар гушаҳои гуногуни дунё аз Иди Қурбон гуфтанд

Ozodi.org 

Тоҷикони бурунмазӣ дар кишварҳои гуногун Иди қурбонро таҷлил карданд. Дар Русия, ки як қисме аз аҳолиаш мусулмон аст, муҳоҷирони кории тоҷик субҳи рӯзи 31-уми июлро ро бо намози дастҷамъӣ оғоз карданд. Дар бархе аз вилоятҳои Русия намоз бинобар хавфи паҳншавии вирус доир нашуд.



Коронавирус хариду ид дар Тоҷикистонро камранг кард

Ozodi.org 

Пандемияи коронавирус ҳолу ҳавои таҷлили Иди Қурбонро дар Тоҷикистон камранг кард. Сокинон мегӯянд, ба фарқ аз солҳои гузашта имсол барои таҷлили ид дастурхони хоксорона оростанд ва интизори меҳмони зиёд ҳам нестанд.

"Ид зӯр буд, бисёриҳо дарҳояшонро кушоданд"

Ozodi.org 

Хабарнигори Радиои Озодӣ дар кӯчаҳои Душанбе аз раҳгузарон пурсид, ки Иди Қурбонро дар шароити коронавирус ва маҳдудиятҳо чӣ гуна таҷлил карданд. Посухи калону худро бубинед ва шумо ҳам бигуед, ки идатон чӣ гуна гузашт.

Ашраф Ғанӣ гуфт, 500 узви Толибонро аз зиндон озод мекунад

Ozodi.org 

Президенти Афғонистон Ашраф Ғанӣ амр дод, ки ҳамчун амали хайр дар рӯзҳои оташбас 500 узви иловагии Толибонро аз зиндонҳо раҳо кунад. Оташбаси серӯза ба ифтихори Иди Қурбон аз ҷониби Толибон пешниҳод шуд ва ҳукумати Кобул онро дастгирӣ кард. Дар як суханронии телевизиониаш рӯзи 31 июл Ғанӣ гуфт, ки аз охири феврал ба ин сӯ 4600 узви Толибон аз зиндон озод шуданд. Бар асоси созиши сулҳи ИМА ва Толибон дар 29 феврали соли ҷорӣ, қарор аст ҳукумат 5 ҳазор узви Толибонро аз зиндонҳо озод кунанд. Ғанӣ гуфт... Читать дальше...

Дар Хабаровск як блоггер боздошт шуд

Ozodi.org 

Блогнавис Алексей Романов, ки дар шабакаи YouTube-аш ҷараёни эътирозҳо аз боздошти собиқ раиси вилоят Сергей Фургалро  дар Хабаровск пӯшиш медод, боздошт шуд. Саҳнаи боздошти ӯ ҳамчунин дар YouTube  пайдо шудааст.  Вакили дифоъ Виталий Тихта ба вебсайти «Сибирь.Реалии» гуфт, ки Романовро дар нақзи Кодекси маъмурӣ дар бораи қоидаҳои чорабиниҳои ҷамъиятӣ гунаҳкор мекунанд.   Соли 2016 журналист ва корманди ТВ аз Хабаровск маҷбур шуд таҳти фишори мақомот Русияро тарк карда ба Гурҷистон равад.   Соли 2019 ӯ ба ватан баргашт.

Пайкараи маршал Рокоссовскийро дар Полша дуздидаву бесар карданд. АКС

Ozodi.org 

Дар шаҳри Легнитсеи Полшаи ғарбӣ афроди номаълум пайкараи маршали Иттиҳоди Шӯравӣ ва Полша  Константин Рокоссовскийро дуздиданд. Ҳодиса шаби  30 июл рух додааст. Ходимони полис баъди ҷустуҷӯҳо пайкараро бо сари бурида дарёфт карданд. Ҷустуҷӯи гумонбарон идома дорад.   Пайкараи Рокоссовский дар назди як қабристони шаҳрии сарбозони Артиши сурх гузошта шуда  як бахше аз осорхонаи таърихии маҳаллӣ буд. Маршал Константин Рокоссовский соли 1896 дар Варшава таваллуд шуда, дар ҳайати артиши рус дар Ҷанги дуюми ҷаҳон хидмат кардааст. Читать дальше...



Хоманеӣ имкони музокирот бо ИМА дар заминаи барномаи ҳастаиро рад кард

Ozodi.org 

Раҳбари олии Эрон Оятулло Алии Хоманеӣ имкони музокирот бо Вашингтон дар масъалаи барномаи ҳастаиву силоҳҳои баллистикии Теҳронро рад карда ИМА-ро “душмани асосии Эрон” номид.  Хоманеӣ рӯзи 31 июл дар як изҳороти мустақими телевизионӣ гуфт, “таҳримҳои дағалонаи Амрико болои Эрон бо ҳадафи  баҳам задани иқтисоди мо ҷорӣ мешавад... Ҳадафи онҳо кам кардани нуфузи мо дар минтақа ва аз байн бурдани  имкониятҳои  мушакиву ҳастаии мо мебошад”.  Ӯ афзуд, ки “такя ба имкониятҳои дохилӣ ва коҳиши вобастагӣ... Читать дальше...

Раҳпаймоие ба тарафдории Тихановская даҳҳо ҳазор нафарро ба кӯчаҳо баровард

Ozodi.org 

Дар пойтахти Беларус шаҳри Минск рӯзи 30 июл як раҳпаймоии серҷамъияттарин дар ин охирҳо бо ширкати даҳҳо ҳазор тарафдори номзади мухолифин Светлана Тихановская баргузор шуд. Ба ҳисобҳои маркази ҳуқуқи башари “Весна” дар ин намоиш дастикам 63 ҳазор нафар иштирок кард ва ба назар меравад, ки президент Александр Лукашенко баъди 26 соли раҳбарӣ бо азимтарин чолише рӯбарӯ шудааст. Тихановская хитоб ба тарафдоронаш гуфт, ки хостори як интихоботи озод мебошад. Ӯ гуфт: “Вақте ман президенти Ҷумҳурии Беларус шудам, се корро анҷом медиҳам. Читать дальше...

Сӯҳбатҳои Трамп дар бораи таъхири интихобот аз ҷониби ҷумҳурихоҳҳову демократҳо рад шуд

Ozodi.org 

Ҷумҳурихоҳҳову демократҳои Конгресси ИМА рӯзи 30 июл хеле зуд ҳарфҳои президент Доналд Трампро дар бораи эҳтимоли ба таъхир андохтани интихоботи президентии моҳи ноябрро бо сабабҳои гӯё тақаллуб шудани овоздиҳии фосилавӣрад карданд. Чандин узви ҷумҳурихоҳ, аз ҷумла раҳбари аксарият дар Сенат Митч МакКоннелл (ҷумҳурихоҳ аз Кентакки) гуфт, ки ҳеҷ гоҳ дар таърихи кишвар интихоботи федеролии дар қонун навишташуда тағйир наёфтааст. Дар вокуниши ҳамчунон сареи демократҳо  раиси кумитаи назорати амнияти интихоботӣ Зой Лофгрен (демократ аз Калифорния)... Читать дальше...

Коронавирус: Афзоиш дар Осиё, поинравии иқтисод дар ИМА

Ozodi.org 

Чандин кишвар дар Осиё аз афзоиши ҳодисаҳои олудагӣ ба коронавирус гузориш доданд. Дар ИМА, ки ҳамчунин афзоиши мавридҳои нави сироят мушоҳида мешавад,  як таҳқиқот собит кардааст, ки бастани тиҷорату корхонаҳо ба хотири пешгирӣ аз коронавирус ба иқтисод зарбаи шадид задааст. Таҳқиқоти давлат мегӯяд, ки нахустин бор дар 70 соли охир дар семоҳаи дуюми соли ҷорӣ дар ИМА нишондодҳои иқтисодӣ  хеле поин рафта, маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ дар ин мудат тахминан 33 дарсад бо ҳисобҳои солона кам шудааст.  Чин гуфт... Читать дальше...

Се рӯзи оташбас баъди як ҳамлаи маргбор дар Афғонистон

Ozodi.org 

Оташбаси серӯзаи Афғонистон, ки аз ҷониби Толибон пешниҳод ва мавриди дастгирии ҳукумат шуд, чанд соат баъди як таркиши маргталабонае дар остонаи иди Қурбон ба иҷро даромад. Ду рақиб ҳафтаи ҷорӣ гуфтанд, ки   дар рӯзҳои ид шурӯъ аз 31 июл душманиро канор мегузоранд. Вале қабл аз ин дар шаҳри Пули Алами вилояти шарқии Лугар дар паи таркиши маргталабонае дар миёни издиҳоми мардум нӯҳ нафар кушта шуд. Таркиш дар майдони Озодии шаҳр дар соатҳое рух дод, ки мардуми зиёде бо хариди пеш аз ид машғул буданд. Читать дальше...

Пас аз чанд моҳи ҷудоӣ 3 кӯдаки тоҷик аз Русия ба оғӯши модар баргаштанд

Ozodi.org 

Пас аз чанд моҳи ҷудоӣ, се кӯдаки тоҷик аз Русия ба назди модар баргардонида шуданд. Бо кӯмаки Ваколатдори ҳуқуқи инсон дар вилояти Самара ва мақомоти тоҷик, ду хоҳару як бародар, ки пас аз ихроҷ шудани модари муҳоҷирашон дар Русия танҳо монда, дар як маркази ҷамъиятӣ нигаҳдорӣ мешуданд, ба Душанбе оварда шуданд. Дар ин бора  Омбудсмени Самара дар сомонаи расмии худ хабар додааст. Модари ин кӯдакон чанд моҳи қабл бо қарори додгоҳе дар Самара ба далели нақзи қоидаҳои будубош ба Тоҷикистон ронда шудааст. Читать дальше...

"Соро компания" ва "Сипар"-пешсафони Лигаи касбии футзали Тоҷикистон

Ozodi.org 

Бозиҳои даври дувуми Лигаи касбии футзали Тоҷикистон 30-юми июл баргузор шуданд. Дар мусобиқаи имсола шаш даста – «Соро компания» (Душанбе), «Сипар» (Хуҷанд), «Муҳоҷир» (Душанбе), «Равшан» (Кӯлоб), «Самандар» (Турсунзода) ва «Истаравшан» (Истаравшан) – ширкат доранд. «Соро компания» дар шаҳри Турсунзода бар «Самандар» бо ҳисоби 14:4 ғолиб омад. Дар ҳайати душанбегиҳо Муҳаммад Раҷабов чаҳор гол ва Комрон Алиев се гол заданд. «Сипар»-и Хуҷанд дар меҳмонӣ бар «Муҳоҷир» бо ҳисоби 5:3 пирӯз шуд. Дар... Читать дальше...

Ҷангалзори Кӯҳи Намакро кӣ оташ зад?

Ozodi.org 

Мақомоти интизомии минтақаи Кӯлоб дар робита ба оташсӯзии ҷангалзори Хоҷа-Мӯъмин воқеъ дар ноҳияи Восеи вилояти Хатлон ду нафарро боздошт карданд.

Бӯҳрони коронавирус дасти Чинро дар Осиёи Марказӣ дарозтар мекунад?

Ozodi.org 

Бо шурӯи эҳёи дубораи иқтисоди Чин аз паёмадҳои пандемияи коронавирус, кишварҳои дучори мушкили Осиёи Марказӣ эҳтимолан ҳарчи бештар аз лиҳози иқтисодиву сиёсӣ вобастаи Пекин мешаванд.

"Хатлон" дар мусобиқаи Лигаи футболи занонаи Тоҷикистон пешқадам аст

Ozodi.org 

Дар даври ҳаштуми мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои занона, ки 30-уми июл доир гардид, пешсафон ва муддаиёни аслии медалҳо – «Хатлон»-и Бохтар, «Зебонисо»-и Душанбе ва «Зебо»-и Дӯстӣ пирӯзӣ ба даст оварданд. “Хатлон” дар майдони худ бар “Ҳосилот”-и Фархор бо ҳисоби 12:1 ғолиб омад. Зимнан, “Хатлон” ягона дастаест, ки бохт надорад. “Зебонисо” ба дарвозаи дастаи меҳмон - “Чашма”-и Шаҳритус - 17 голи беҷавоб зад. “Зебо” дар меҳмонӣ “Бешкент”-и Носири Хусравро бо ҳисоби 4:1 шикаст дод. Читать дальше...

Блогери узбек баъди як навиштааш дар "Фейсбук" ба бозпурсӣ даъват шуд

Ozodi.org 

Блогер Миразиз Бозоров 27-уми июли соли равон барои бозпурсӣ ба Хадамоти амнияти давлатии Узбекистон даъват шуд. Худи блогер гуфт, ӯро баъди нашри як навиштааш дар шабакаи иҷтимоии "Фейсбук", ки аз Бонки осиёии рушд даъват карда буд, додани қарзҳои бидуни назоратро ба мақомоти Узбекистон қатъ кунад, ба бозпурсӣ даъват карданд. "Навиштаи ман рӯзи ҷумъа нашр шуд ва субҳи душанбе (27 июл) аз Хадамоти амнияти давлатӣ занг зада, ба бозпурсӣ даъват карданд. Аз онҳо хостам, ки ба ман даъватномаи расмӣ фиристанд ва худи он рӯз... Читать дальше...



Москва

Новые городские проекты в сотрудничестве с парком Юрия Лужкова готовит Фонд Юрия Лужкова


Губернаторы России

103news.net – это самые свежие новости из регионов и со всего мира в прямом эфире 24 часа в сутки 7 дней в неделю на всех языках мира без цензуры и предвзятости редактора. Не новости делают нас, а мы – делаем новости. Наши новости опубликованы живыми людьми в формате онлайн. Вы всегда можете добавить свои новости сиюминутно – здесь и прочитать их тут же и – сейчас в России, в Украине и в мире по темам в режиме 24/7 ежесекундно. А теперь ещё - регионы, Крым, Москва и Россия.

Moscow.media
Москва

Собянин рассказал о ходе строительства Троицкой линии метро



103news.comмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "103 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. 103news.com — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

103news.com — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.

Музыкальные новости

Пианист

Пианист Мирослав Култышев выступит с концертом в "Зарядье"




Спорт в России и мире

Алексей Смирнов – актер, которого, надеюсь, еще не забыли

Третий этап шахматного турнира завершился в Егорьевске

Гепарды – новые персонажи мультсериала «Команда МАТЧ»

Благодаря акции МТС Банка реабилитационная помощь в России станет доступнее


ATP

Хачанов победил Шевченко во втором круге турнира ATP в Риме



Новости Крыма на Sevpoisk.ru


Москва

Патриотическую акцию «Синий платочек» провели в Нижнем Новгороде в день прибытия «Поезда Победы»



Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России