Раиси вилоят ваъда додааст, ки хонаҳои вайроншуда дар ҷангро барқарор мекунанд
Ҳукумати Тоҷикистон гуфтааст, хонаҳои сокинони деҳоти наздимарзиро, ки бар асари муноқиша бо Қирғизистон вайрон шуданд, дар муддати як моҳ барқарор мекунад. Дар ин бора рӯзи 3-юми май дар як ҷаласа Раҷаббой Аҳмадзода раиси вилояти вилояти Суғд хабар додааст.