Ҷумҳурихоҳҳо барои барканории Чейнӣ аз мақоми раҳбарикунанда овоз медиҳанд
Рӯзи 12-уми май ҷумҳурихоҳҳои Маҷлиси намояндагони Амрико қарор аст Лиз Чейниро аз мақоми раҳбарикунанда дар сафи ин ҳизб хориҷ кунанд. Ин ҳодисаро аз назари самтгириҳои баъдии ҳизб ва ҳам нишонаи нуфузи идомаёбандаи собиқ президент Доналд Трамп муҳим арзёбӣ мекунанд. Лиз Чейнӣ, духтари собиқ муовини президенти Амрико Дик Чейнӣ дар сафи ҷумҳурихоҳҳо мақоми сеюми раҳбарикунанда дорад. Лиз Чейни Доналд Трампро рӯирост ба чолиш кашида, баъди иддаои ӯ дар бораи гӯё тақаллуб шудани натиҷаҳои интихоботи ноябри порсол Трампро “як дурӯғгӯи калон” номида буд.
Ӯ инчунин президент ва тарафдоронашро дар ташкили беназмиҳои 6-уми январ дар бинои Капитол гунаҳгор кард. Як шаб пеш аз овоздиҳӣ дар маҷлис, Чейни дар суханрониаш мушовирони ҷумҳурихоҳро бо лаҳни шадид танқид ва аз мазеъгирии худ ҳимоят кард. Ӯ гуфт, “хомӯшӣ ва бепарвоӣ дар баробари дурӯғ ин дурӯғро азимтар мекунад” ва афзуд, “ман ҳамин тавр ором нишаста нигоҳ намекунам, ки дигарҳо ҳизби моро ба ақиб мекашанду аз роҳе пеш мераванд, қонуну қоидаро нодида мегиранд ва самтгириҳои президенти собиқро барои ба ҳам задани демократия идома медиҳанд”.
Раҳбари аққалиятҳои Маҷлиси намояндагон Кевин МакКарти (ҷумҳурихоҳ аз Калифорния), ки ба сабукдӯш кардани Чейни даъват кардааст, гуфт, ки чунин иқдом ба хотири дастёбӣ ба ваҳдат ва бартараф кардани ихтилоф дар дохили ҳизб зарур аст. Вале бисёриҳо бовар доранд, ки баъди ин мушкилоти дохили ҳизби Ҷумҳурихоҳ амиқтар мешавад.