Тафтиши НФС-ҳо пас аз таркиш дар Душанбе. Моликон айбдоранд, ронандаҳо ё мусофирон? ВИДЕО
Масъулони Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон моликони чанде аз нуқтаҳои фурӯши сӯзишвориро дар шаҳри Душанбеву ноҳияи Рӯдакӣ ба ҷавобгарии маъмурӣ кашидаанд. Мақомот дар сар задани сӯхтору таркиш моликони газу бензинфурӯширо айбдор мекунанд, онҳо дар навбати худ – ронандагонро.