Чаро мақомот нагузоштанд, ки ҷомеаи шаҳрвандӣ барои осебдидагон кумак ҷамъ биорад? ВИДЕО
Солҳост, ки барои ёрӣ ба мардуми нодор ва ё осебдида дар Тоҷикистон намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ ё блогерону шахсони алоҳида пул ҷамъ меоранд. Вале ин дафъа мақомот нагузоштанд, ки шахсони алоҳида зимоми расондани кумакро ба мардуми осебдида дар ҷанҷоли марзӣ бо Қирғизистон ба уҳда бигиранд.