Ҷамолиддин Неъматзода ва писарашро аз имоматӣ барканор карданд
Ҷамолиддин Неъматзода, имомхатиби масҷиди ба номи “Ҳазрати Муҳаммад”-и ноҳияи Рӯдакӣ ва писари муфтии пешини Тоҷикистонро баъд аз навори ҷанҷолияш аз имоматӣ барканор кардаанд. Пештар сокинони деҳаи Дарёободи ноҳияи Рӯдакӣ гуфта буданд, ки Неъматзода дар саҳни масҷид онҳоро дашном дод.