Ҳамкори собиқаш президенти Қирғизистонро ба "порагирӣ" муттаҳам кард. Мухолифон истеъфои ӯро хостанд. ВИДЕО
Президенти Қирғизистон Содир Ҷабборовро ба ришвагирӣ муттаҳам мекунанд. Ҳамкори собиқи ӯ Мелис Аспеков гуфт, раиси ҷумҳурӣ барои маблағгузории барномаи интихоботиаш аз президенти пешин Сооронбой Ҷеенбеков “бар ивази гарави амнияти ӯ” 10 миллион доллар "пора" гирифтааст.