Тоҷиддин Пирзода гуфт, амонати мардумро бармегардонанд, муштариён шубҳа доранд. ВИДЕО
Вакилони порлумони Тоҷикистон рӯзи 26-уми май розӣ шуданд, ки амволи "Тоҷиксодиротбонк"-у "Агроинвестбонк" фурӯхта ва қарзи ду бонк дар назди давлат баргардонда шавад, аммо дар бораи амонати мардум чизе нагуфтанд.