Биржаи нав умед дорад, ки мушкили муҳоҷирони кориро ҳал мекунад
Як ширкати тозатаъсиси вобаста ба Иттифоқи касабаи Тоҷикистон ба интиқоли дастҷамъонаи муҳоҷирони корӣ ба Русия шурӯъ кардааст. Қарор шудааст, ки ҳар гурӯҳи на камтар аз 50-нафарии муҳоҷирони кории тоҷикро як намояндаи ин ширкат ҳамроҳӣ намояд, то дар зиндагиву кори ин афрод мушкиле пеш наояд.