Мақомот: Нархи билет ба Русия 500 доллар аст. Сокинон: Аз 10 ҳазор сомонӣ болост. ВИДЕО
Роҳбари Оҷонсии авиатсияи шаҳрвандии Тоҷикистон мегӯяд, мониторинги онҳо тасдиқ кард, ки нархи билет ба Русия на зиёда аз 500 доллар аст. Мусофирон низ коҳиши нархи чиптаро тасдиқ мекунанд, вале мегӯянд, пайдо кардани билет барои як моҳи оянда мушкил шудааст.