Дастаи мунтахаби наврасони футболи Тоҷикистон (U-16) ба Туркия рафт
Дастаи мунтахаби наврасони футболи Тоҷикистон (U-16) дар доираи омодагӣ ба мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2022 субҳи панҷшанбеи 20-уми январ барои доир кардани ҷамъомади таълимиву тамринии дуҳафтаина ба Туркия парвоз намуд, хабар медиҳад сомонаи Федератсияи футболи Тоҷикистон.