Ба Хӯҷа-командир 30 соли дигари ҳабс хостаанд. Духтараш ба иттиҳомҳо бовар надорад
Як намояндаи Додситонии кулли Тоҷикистон ба Хӯҷа Каримов, машҳур бо номи Хӯҷа-командир, ҷангсолори пешини Фронти Халқӣ, дар доираи парвандаҳои нав 30 соли дигар ҳабс хостааст. Қаблан ӯро ба 14 сол зиндон маҳкум карда буданд.