"Аловиддин Абдуллоев аз сактаи дил даргузашт." Касе, ки ҳамеша одамонро механдонд, имрӯз ба мотам нишонд. ВИДЕО
Аловиддин Абдуллоев, ҳунарманду ҳаҷвнигори шинохтаи Тоҷикистонро дар оромгоҳи Заргари ноҳияи Кушониён дафн карданд. Ӯ рӯзи 17-уми феврал дар 57-солагӣ даргузашт. Баъзе аз ҳамкасбонаш гуфтанд, "аз фишорбаландӣ ранҷ мекашид." Пизишкон гуфтанд, "аз сактаи қалбӣ даргузашт".