Мақоми панҷуми гуштигири тоҷик дар қаҳрамонии ҷаҳон миёни наврасон
Муҳаммадамин Абдуллоев, варзишгари тоҷик, дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон оид ба гуштии озод миёни наврасони то 17-сола, ки рӯзҳои 29-31-юми июл дар шаҳри Рими Италия баргузор шуд, дар рақобатҳо дар вазни то 80 кило мақоми панҷумро касб кард.
Ба иттилои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, ягона намояндаи кишвар дар ин мусобиқоти ҷаҳонӣ Муҳаммадамин Абдуллоев дар ҳаштякфинал варзишгари Швейтсария Ноаҳ Счваллер, дар чорякфинал намояндаи Арманистон Папин Ҳунанянро шикаст дода, дар нимфинал аз варзишгари Эрон Ризо Сулаймониён ва дар қувваозмоӣ барои ҷои сеюм аз варзишгари Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Закари Ридер мағлуб гардид.
Дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон оид ба гуштӣ (гуштии юнонию румӣ ва гуштии озод) миёни наврасони то 17-сола 597 варзишгар (419 писар, 178 духтар) аз 54 кишвар иштирок карданд.
Ёдовар мешавем, моҳи июни соли равон Муҳаммадамин Абдуллоев дар қаҳрамонии Осиё оид ба гуштии озод миёни наврасони то 17-сола дар Бишкеки Қирғизистон медали нуқра ба даст оварда буд.
Бояд зикр намуд, варзишгарони тоҷик дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон оид ба гуштӣ миёни наврасон ҳамагӣ ду медал – 1 нуқра ва 1 биринҷӣ – гирифтаанд. Шероз Очилов соли 2019 дар Софияи Булғористон оид ба гуштии юнонию румӣ дар вазни то 65 кило медали нуқра ва Фирӯз Мирзораҷабов дар вазни то 55 кило медали биринҷӣ ба даст овардаанд.