Варзишгарони тоҷик барои иштирок дар қаҳрамонии Осиё ба Остона мераванд
Варзишгарони тоҷик дар мусобиқоти X қаҳрамонии Осиё оид ба варзиши сабук дар иншооти сарпӯшида, ки рӯзҳои 10-12-уми феврал дар пойтахти Қазоқистон - шаҳри Остона баргузор мешавад, ширкат хоҳанд кард.