Шиканҷа ва марги мармуз. "Милисаи ман маро ҳимоя мекунад ё баръакс?"
Дар даҳ соли гузашта дар идораҳои Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон марги баъзе аз боздоштшудаҳо сабт шудааст. Масъулони ин ниҳод дар мавриди чунин раванд изҳори назар намекунанд, аммо баъзе аз афродеро, ки аз талафот дар идораҳои пулис изҳори нигаронӣ мекунанд, ҷазо медиҳанд.