Баъзе ҷузъиёти созиши Тоҷикистону Қирғизистон
Ҳайатҳои Тоҷикистону Қирғизистон ба созиш расидаанд, ки дар наздикии сарҳад дигар тамрини низомӣ баргузор нахоҳанд кард. Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд, гуфт, ин ва тавофуқҳои дигар дар вохӯрии охирини ҷонибҳо ба даст омад. Гуфтушунид 2-юми феврал дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров гузашт.