Таҳқиқот: Домоди Назарбоев заминҳои давлатиро соҳиб шудааст
Ширкати вобаста ба Тимур Қулибоев, домоди президенти пешини Қазоқистон Нурсултон Назарбоев заминҳои пешини давлатиро дар минтақаҳои маъруфи шаҳри Алмато соҳиб шудааст. Ин нукта дар як таҳқиқоти бахши қазоқии Радиои Озодӣ гуфта шудааст.