Футболбозони навраси тоҷик бозиро дар Минск бо Беларус мусовӣ карданд
Дастаи мунтахаби наврасони футболи Тоҷикистон (U-17) бо роҳбарии сармураббӣ Раҳматулло Фузайлов бозии дуюмашро дар мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми рушд-2023» дар Минск бо тими Беларус (U-16) бо ҳисоби мусовии 2:2 анҷом дод.