Даргузашти ҳунарманди шинохта Чилахон Холов
Ҳунарманди шоистаи Тоҷикистон Чилахон Холов пас аз бемории тӯлонӣ шаби гузашта дар шаҳри Душанбе даргузашт. Дар ин бораи дӯстони ӯ дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабар доданд.
Маросими ҷанозаи ӯ имрӯз, 8-уми феврал дар маҳаллаи Пахтакори ноҳияи Синои пойтахт доир мешавад. Ин овозхони шинохта аз чанд моҳ ба ин тараф аз беморӣ ранҷ мебурд. Чиллахон Холовро тақрибан як сол пеш ҷарроҳии гурда ҳам карда буданд.
Ин овозхони шинохта дар поёни солҳои 80 аз тариқи гурӯҳи "Ганҷина" ба саҳнаи бузург омад ва бештар сурудҳои мардумиро мехонд. Аз сурудаҳои машҳури ӯ дуэти "Бозубандамро бидеҳ" мебошад, ки ба ӯ шӯҳрати зиёд овард. Ӯ дар солҳои ахир бар пояи ашъори бузургони адабиёт суруд эҷод мекард.